Нерӯҳои Украина рӯзи 24-уми июн дар чанд самт дар вилояти Донетски ишғолшуда амалиёти озодсозии минтақаҳои аз ҷониби Русия ғасбшударо оғоз карданд.
Анна Маляр, муовини вазири мудофиаи Украина гуфт, амалиёти озодсозӣ дар самти Орехово-Василевка, Бахмут, Богдановка, Ягодного, Клешеевки, Курдюмовка идома дорад. Тамаркуз бештар болои шаҳри Бахмут аст, ки мақомоти Русия эълон карда буданд, ки онро ғасб кардаанд.
"Дар ҳама самт пешравӣ дида мешавад,"--гуфтааст, ин мақомдори украинӣ.
Андрей Билетский, як фармондеҳи украинӣ гуфтааст, ки воҳиди низомии Русияро дар ин самт шикаст додаанд ва соҳили ғарбии рӯди Донетски шимолиро озод кардаанд.
Дар шароити ҷангӣ тасдиқи дурустии иддаои низомиён мушкил аст.
Пештар мақомдорони Украина эълон карда буданд, ки аз муқовимат ба низомиёни Русия ба ҳуҷум мегузаранд ва минтақаҳои ишғолшудро озод хоҳанд кард.