Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва коррупсия дар порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июн лоиҳаи қонунро дар бораи "агентҳои хориҷӣ баррасӣ хоҳад кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии порлумон, дар ҷаласа муаллифи лоиҳа ва вакил Нодира Норматова сухан мегӯянд.
Дар Қирғизистон рӯзи 19-уми июн лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи созмонҳои ғайритиҷорӣ" ба баррасии умум пешниҳод шуд.
Фаъолони мадании ин кишвар мегӯянд, дар сурати қабул шудани ин қонун созмонҳое, ки аз хориҷ пул ё моликият дарёфт мекунанд, намояндаи хориҷӣ эътироф мешаванд.
Лоиҳаро вакили порлумони Қирғизистон Нодира Норматова пешниҳод кардааст. Дар аввал 32 вакили дигар аз ӯ ҷонибдорӣ карданд, вале дертар аксари онҳо зидди лоиҳа баромада, гуфтанд, ки "меъёрҳои зиёде зидди ҳуқуқи инсон ва демократия равона шудаанд".
Ахиран як гуруҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон барои бозхонд шудани лоиҳаи қонун ҷамъоварии имзоро тавассути сомонаи Change.org шуруъ карданд.