Мақомоти Туркманистон дар пайи кушта шудани чаҳор муҳоҷири ин кишвар дар Туркия маҳдудияти сафари шаҳрвандонашро ба хориҷа сахттар карданд.
Манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Хадамоти давлатии муҳоҷирати вилояти Балкани Туркманистон гуфт, баъд аз фоҷеаи охир дар Туркия аз Ишқобод дастур гирифтаанд, ки додани шиносномаҳои хориҷиро ба сокинони вилоят маҳдуд кунанд.
"Тибқи дастури Ишқобод, бояд додани шиносномаҳои биометрӣ ба шаҳрвандон то ҳадди имкон коҳиш дода шавад", - афзуд ӯ.
Бино ба баъзе аз хабарҳо, қабули дархости шаҳрвандони Туркманистон барои дарёфти виза дар сафорати Туркия дар Ишқобод низ муваққатан боздошта шудааст.
Як шаҳрванди Туркманистон ахиран бо гумони куштори чаҳор ҳамватани худ дар шаҳри Измири Туркия дастгир шуд. Вай гуё дар бозпурсиҳо гуфтааст, ки ин ҳамватанони худро дар заминаи рашк ба қатл расонд.
Расонаҳои Туркия навиштанд, ҷасади Гулқамар Хонумова, духтаронаш Лайлӣ ва Лочин ва ҷавонписар Руслан Каримовро 18-уми июн аз як хона дар ноҳияи Байрақлии шаҳри Измири Туркия пайдо карданд.
Дертар дар робита ба куштори туркманистониҳо як ҳамватани онҳо дастгир карда шуд. Марди боздоштшуда дӯстписари модари духтарон будааст.