Додгоҳе дар Русия қарор кардааст, ки тифли тоҷикро аз модари аслияш гирифта, ба оилае бидиҳанд, ки ӯро ба фарзандӣ хонда буд.
Даъвои ҳаштмоҳаи оилаи Бухашеевҳо аз Иркутск дар додгоҳи вилоятӣ ба фоидаи онҳо ҳал шуд.
Даъво барои Марияи панҷсола соли гузашта расонаӣ шуд. Ин кӯдак моҳи октябри соли 2017 дар таваллудхонаи Иркутск ба дунё омадааст.
Аноргул Ғайбуллоева, модари муҳоҷири ӯ аз Тоҷикистон, гуфт, вақте кӯдак ба дунё омад, ба сабаби надоштани сабти иқомат ва пул натавонист кӯдакро бо худ барад.
Мақомоти Иркутск бе розигии ӯ кӯдакро ба як хонаводаи бурятӣ ба фарзандхондӣ додаанд.
Зани тоҷик ва шавҳари ӯ аз ҳамон сол барои баргардондани кӯдак аз роҳҳои қонунӣ талош доштанд.