Сокинони Тоҷикистон дар як назарпуосӣ дар муқоиса ба ҷумҳуриҳои дигари Шӯравии собиқ муносибати нисбатан гармро ба муҳоҷирони рус баён кардаанд.
Баъд аз ҳамлаи Маскав ба Украина дар соли 2022 теъдоде аз шаҳрвандони Русия ба давлатҳои пасошӯравӣ кӯчиданд.
Назарпурсӣ дар нуҳ ҷумҳурӣ анҷом шудааст.
Натиҷаҳои пурсиши Маркази “Платформа” ва ширкати "ОнИн” рӯзи 23-юми июн дар вебсайти РБК чоп шуд.
Дар ин пурсиш 55 дарсади мусоҳибон аз Тоҷикистон гуфтаанд, ҳузури мутахассисони баландпоя, талабот ба хадамот, имкони ба даст овардани даромади бештар дар байни сокинон зиёд шуд.
Дар Узбекистон 46 дарсад гуфтаанд, ки аз омадани мутахассисон аз Русия шоданд, вале танҳо 23 дарсад гуфтаанд, ки ин чиз барои рушди фанновариҳои кишвар мусоидат мекунад.
Дар Гурҷистон 21 дарсад гуфтанд, ки муҳоҷирони рус зарар мерасонанд ва нарх боло рафта, ихтилоф ба амал меояд.