13 мушаки болдори Русияро дар Украина задаанд

Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард

Фармондеҳони Украина гуфтанд, 13 мушаки болдорро, ки Русия барои зарба задан ба пойгоҳи низомии вилояти Хмелнитский сар дод, дар фазо аз байн бурданд.

Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 23-юми июн гуфт, мушакҳои болдорро ҳавопаймои ҷангии Русия аз фазои Баҳри Хазар партофт.

Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки системаи дифои зиддимушакии Украина як дрони ҷосусии Русияро маҳв кард.

Русия шаби 22-юми июн ба чанд минтақаи Украина бо истифода аз мушак ва бесарнишин ё дронҳо зарба зад.