Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳукми рассом Даурен Макинро, ки ба гуноҳи "таблиғи терроризм" ҳафт сол зиндонӣ шудааст, бетағйир монд.
Баррасии шикояти рассом аз рӯйи ҳукми додгоҳи зинаи поёнӣ 20-уми июн сурат гирифтааст.
Вакили дифои рассом Жасулан Кауменов аз додгоҳ хоста буд, ҳукми додгоҳи зинаи поёниро бекор ва шахси зери ҳимояашро аз толори додгоҳ озод кунад.
Даурен Макин худро бегуноҳ меномад ва иттиҳоми эъломшударо рад карда буд.
Макин қаблан дар додгоҳ гуфта буд, "мо талош кардем, ки бегуноҳии маро исбот кунем. Маро барои навиштаҳоям, барои ошкоргӯйӣ, ақидаҳоям зиндонӣ мекунанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ менавиштам. Баъди ҳодисаҳои январӣ тасвирҳои ман дар нашрияи "Новая газета" нашр мешуданд. Ин, ба назарам, барои зиндонӣ шудани ман асос гузошт".