Зеленский: Русия барои ҳамла ба нерӯгоҳи Запорожйе омода мешавад

Президенти Украина Владимир Зеленский

Президенти Украина Владимир Зеленский Русияро ба омодагӣ барои ҳамла ба нерӯгоҳи ҳастаии Запорожйе бо партоби радиатсионӣ муттаҳам кард.

Зеленский 22-юми июн дар паёме видеоӣ гуфт, хадамоти иктишофӣ ва амниятии Украина ба ӯ дар бораи омодагӣ ба ҳамлаи эҳтимолии террористӣ хабар доданд. Вай бо ишора ба низомиёни Русия гуфт, "онҳо ҳама чизро барои ин омода кардаанд."

Сардори Раёсати иктишофии Украина Кирилл Буданов ду рӯз пеш гуфта буд, ки нерӯҳои Русия дар нерӯгоҳ бомбҳои иловагӣ гузоштаанд. Нерӯгоҳи мазкур дар минтақаи зери идораи низомиёни Русия қарор дорад.

Президенти Украина дақиқ нагуфт, ки ҳадафи ҳамлаи эҳтимолии террористӣ чӣ аст ва он чӣ гуна бояд анҷом шавад. Вай танҳо афзуд, ки "радиатсия марзҳои давлатиро намешиносад".

Зеленский изҳор дошт, ки Украина далелҳои доштаашро дар ин замина ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Чин, Бразилия, Ҳиндустон, Африқо ва ҷаҳони араб пешниҳод мекунад.

Сухангӯйи президенти Русия Дмитрий Песков ба изҳороти Зеленский вокуниш карда, гуфт, ки "он як дурӯғи навбатӣ аст".