Интерпол ду шаҳрванди Қирғизистонро дастгир кардааст

Испания ва Русия ду шаҳрванди Қирғизистонро дастгир кардаанд, ки таҳти пайгарди байнулмилалӣ қарор доштанд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, ки пулиси байнулмилалӣ ё Интерпол қирғизистонӣ И.А., соли таваллудаш 1988-ро дар фурудгоҳи Мадрид дастгир кардааст.

Ин шаҳрванди Қирғизистон дар ватан ба қаллобӣ ба миқдори махсусан калон айбдор мешавад. Гуё ӯ бо ваъдаи бор овардан аз тоҷирон пул гирифта, фирор кардааст.

Шаҳрванди дувуми Қирғизистон дар фурудгоҳи Новосибирски Русия дастгир шудааст. Ӯ пештар дар бонке дар шаҳри Бишкек кор мекард ва 900 ҳазор соми як муштариро гирифта, ғайб задааст.

Ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон дар ҳоли ҳозир масъалаи истирдоди онҳоро ба кишвар баррасӣ доранд.