Расонаҳо: "Абу Мискин" аз Тоҷикистон дар Туркия боздошт шуд

Пулиси зидди шӯриш дар Истанбул

Мақомоти Туркия гуфтанд, як узви созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро рӯзи 22-юми июн дар Истанбул дастгир карданд.

Ба иттилои хабаргузории "Анадолу", Шамил Ҳукуматов машҳур ба лақаби "Абу Мискин" аз Тоҷикистон будааст.

Манбаъ ӯро аз мақомҳои баландпояи шохаи "Хуросон"-и ДОИШ дар Афғонистон номбар карда, ки "эҳтимол дар ҷалби шахсони нав ба гуруҳ ва таъмини онҳо бо пул даст доштааст".

Як мақоми Туркия гуфта, ки Тоҷикистон низ Ҳукуматовро ба фаъолиятҳои вайронгарона дар кишвар муттаҳам медонад. Дар Душанбе ҳанӯз хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Ба иттилои расонаҳои Туркия дар амалиёти рӯзи панҷшанбе ҳамсари Шамил Ҳукуматов низ дастгир, вале дертар озод шуд. Аз ӯ ному насаб набурданд.

Шохаи "Хуросон"-и ДОИШ аз соли 2014 дар Афғонистон фаъол аст. Ба ҳайати он бештар зодагони кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, шомиланд.