Полиси Русия хонаи ҳуқуқдон ва мухолифи ҷанг дар Украина Анатолий Березиковро дар Ростови лаби Дон кофтуков кардааст.
Ин кор рӯзи 22-юми июн сурат гирифт.
Березиков моҳи майи имсол дастгир ва ҳафтаи гузашта дар боздоштгоҳ ҷон дод.
Бахши русии Радиои Озодӣ навишт, ки полис хонаи вакили мудофеъ Ирина Гак ва фаъоли иҷтимоӣ Татяна Споришеваро низ кофтуков кардааст. Сабаби чунин рафтори полис маълум нест.
Ирина Гак қаблан гуфта буд, ки чанд соат пеш аз маргаш Березиковро дид ва дар бадани ӯ осори шиканҷа бо барқро мушоҳида кард.
Ба қавли ӯ, Березиков гуфтааст, маъмурони пулис ӯро ба куштан таҳдид мекунанд.
Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, дар пайванд ба марги фаъоли 40-сола Анатолий Березиков парванда кушодааст.