Боздошти як зани тоҷик ба гумони фурӯхтани кӯдаки сесолааш

Акс аз бойгонӣ

Як модари ҷавонро дар вилояти Суғд ба гумони фурӯхтани тифлаш дастгир кардаанд.

Раёсати корҳои дохилии вилоят рӯзи 21-уми июн хабар дод, ки зани 33-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ба панҷ ҳазор сомонӣ фурӯхтани духтари сесолааш дар шаҳри Бӯстон боздошт шуд.

Ба иттилои мақомот, “зан оилаи ноустувор дошта”, соҳиби ду фарзанд аст.

Дар бораи шахсе, ки нияти харидани тифлро дошт, маълумот дода нашудааст. Мавқеи модари гумонбар ба кӯдакфуршӣ ва сабаби даст кашиданаш аз фарзанд ҳам маълум нест.

Додситонии вилояти Суғд нисбат ба ин зан ба иттиҳоми харидуфурӯши кӯдак парвандаи ҷиноӣ кушодааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон чандин мавриди харидуфурӯши кӯдакон сабт мешавад.

Тангдастии хонаводаҳо ва печидаву душвор будани раванди фарзандхониро барои оилаҳои бефарзанд аз сабабҳои асосӣ медонанд.