Нерӯҳои Украина як пули пайвандгари нимҷазираи ишғолшудаи Қримро бо вилояти Херсон мушакборон кардаанд.
Владимир Салдо, ки аз тарафи Русия волии вилояти ишғолшудаи Херсон таъйин шудааст, дар Телеграм навишт, ки пули Чонгар ҳадафи оташ қарор гирифт. Ба иттилои ӯ, “ягон нафар ҷароҳат набардоштааст”.
Ба қавли Салдо, нақлиёт аз роҳҳои алтернативӣ истифода мебарад. Вай афзудааст, зоҳиран, дар ҳамла ба пул аз мушакҳои Storm Shadow истифода кардаанд.
Дар хабари дигар, Сергей Аксёнов раҳбари аз тарафи Маскав таъйиншудаи Қрим рӯзи 22-юми июн гузориш дод, ки шаби гузашта нерӯҳои Украина ин минтақаро мушакборон карданд.
Ба гуфти Аксёнов, мақомоти Қрим зиёнро ба пулҳои ин минтақа бартараф мекунанд.
Украина дар бораи ҳамлаи шаби гузашта чизе нагуфтааст.