Бародарзодаи зиндонии Назарбоев ба амакаш қаср "туҳфа" кардааст

Молики қасри бошукуҳ дар наздикиҳои шаҳри Алматои Қазоқистон, ки "лонаи хонаводагии Назарбоевҳо" маҳсуб мешуд, ба таври ногаҳонӣ иваз шудааст.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки Кайрат Сотиболдӣ, бародарзодаи президенти пешини Қазоқистон, баъд аз эълони ҳукми зиндонаш қасрро ба амаки худ Нурсултон Назарбоев "туҳфа" кардааст.

Тибқи қонунгузории Қазоқистон, туҳфа шудани амволи шахси ҳабсшуда номумкин аст, вале мақомоти қазоқ ин хабарро шарҳ намедиҳанд.

Додгоҳи ноҳияи Байконури шаҳри Остонаи Қазоқистон Кайрат Сотиболдиро гунаҳкор эълон ва 6 сол зиндонӣ кард.

Бародарзодаи Назарбоев ба азхудкунии 12,7 миллиард тангаи "Қазоқтелеком" ва 28,6 миллиард тангаи "Маркази хадамоти нақлиёт"-и Қазоқистон муттаҳам буд. Худи ӯ дар додгоҳ ғорати маблағҳои ширкатҳоро эътироф кард.

Қаблан расонаҳо Кайрат Сотиболдиро ягона муассиси ширкати офшории "Skyline Investment Company S.A." номида буданд. Forbes Kazakhstan дороии Сотиболдиро 163 миллион доллар арзёбӣ ва ӯро ба рӯйхати бонуфузтарин соҳибкорони Қазоқистон ворид карда буд.