Эстония издивоҷи ҷуфтҳои ҳамҷинсро иҷозат дод

Акс аз бойгонӣ

Порлумони Эстония тағйиротеро ба қонун қабул кард, ки издивоҷи ҷуфтҳои ҳамҷинсро иҷозат медиҳад.

Расонаи маҳаллии "ERR.ee" иттилоъ додааст, ки аз лоиҳаи қонун 55 вакил ҷонибдорӣ карда, 33 каси дигар раъйи мухолиф додаанд.

Ҳамчунин ба ҷуфтҳои ҳамҷинс иҷозат дода шуд, ки бо ризояти волидони биологӣ кӯдакеро ба фарзандхонӣ бигиранд.

Имкони бастани созишномаи ҳамзистӣ, ки дар қонунгузории Эстония дар соли 2016 дарҷ шуда буд, низ эътибор дорад.

Қонуни Эстония дар бораи издивоҷи ҷуфтҳои ҳамҷинс аз 1-уми январи соли 2024 ба иҷро медарояд.

Эстония кишвари нахустини пасошӯравӣ аст, ки ба издивоҷи ҷуфтҳои ҳамҷинс расман иҷозат медиҳад.