Писари Байден саркаширо аз пардохти андоз эътироф кард

Ҳантер Байден

Ҳантер Байден, писари президенти Амрико Ҷо Байден, розӣ шуд, ки бо Вазорати адлияи ин кишвар дар доираи парвандаҳои саркашӣ аз пардохти андоз (молиёт) ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ҳамкорӣ кунад.

Би-би-сӣ гузориш дод, ки парвандаи аввал ду ҳолати саркашӣ аз пардохти андозро дар солҳои 2017 ва 2018 дар бармегирад.

Ҳамаи ин пулҳо аллакай пардохт шудаанд. Байдени хурдӣ розӣ шудааст, ки худро дар доираи ин парванда гунаҳкор эътироф кунад.

Ба навиштаи Associated Press, парвандаи дувум ба харидани туфангчаи "Colt Cobra 38 special" рабт дорад. Ӯ сарфи назар аз он ки давоми 11 рӯзи моҳи октябри соли 2018 маводи мухаддир истеъмол мекард, ин силоҳро харидааст.

Созиши ҳамкорӣ ба Ҳантер Байден имкон медиҳад, ки дар сурати иҷрои шартҳои додситонӣ, истеъмол накардани маводи мухаддир то ду сол ва ҳеч гоҳ силоҳ нагирифтан аз ҷавобгарӣ раҳо ёбад.

Ин созиши ҳамкориро додгоҳи федеролии Иёлоти Муттаҳида бояд тасдиқ кунад.