Ҳабси шахсе, ки кормандони як бонкро дар Остона гаравгон гирифт

Дафтари бонки "Kaspi" дар Остона

Додгоҳи шаҳри Остона, маркази Қазоқистон, Алихон Муродовро ба иттиҳоми гаравгон гирифтани кормандони бонки “Kaspi” ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Гаравгонгирии кормандони бонк рӯзи 18-уми июн иттифоқ уфтод.

Матбуоти маҳаллӣ он рӯз навишт, ки Алихон Муродов аз кормандони бонк талаби интиқоли пул ба чанд суратҳисобро карда, барои иҷрои ин се соат вақт додааст.

Баъзе аз расонаҳо навиштанд, зоҳиран Алихон Муродов аз бонк қарздор буд.