Вазири пешини фарҳанги Қазоқистон Аристонбек Муҳаммадиулиро ба гуноҳи дуздии пулҳои буҷет 8 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Додситон пештар барои вай 9 сол зиндон талаб карда буд.
Муҳаммадиулӣ ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ иттиҳоми эъломшударо рад кард ва гуфт, "ҳангоми муҳокимаи парванда ҳеч далели дуздии маблағ исбот нашуд".
"Муҳтарам судя! Ман ба ҳама гуна ҷазо, ҳатто ба қатл розиам, аммо ба исрофкории маблағ не. Сухани боҳикмати қазоқие ҳаст ба ин маънӣ, ки: Шармандагӣ бадтар аз марг аст", - гуфт вазири пешин дар додгоҳ.
Вазири пешини фарҳанги Қазоқистон аз 28-уми майи соли 2022 ба гумони дуздии беш аз 140 миллион тангаи буҷет дар ҳабс аст.
Мақомоти зиддифасоди Қазоқистон таҳқиқи фасодкории вазири пешинро рӯзи 16-уми майи соли гузашта шуруъ карда буданд. Муҳаммадиулӣ аз соли 2014 то 2019 вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон буд.