Шаҳри навро дар Туркманистон дар зодрӯзи "Арқадаг" боз мекунанд

Шаҳри нав дар Туркманистон

Мақомоти Туркманистон ба ифтитоҳи шаҳри нави ин кишвар – “Арқадаг” (Муҳофиз) – омодагӣ мебинанд.

Тамрин ва "маршировкаҳо", ки иштироки кормандони муассисаҳои давлатӣ ва донишҷӯён дар онҳо ҳатмист, дар саросари ин кишвар идома доранд.

Ба гуфтаи мансабдорони туркман, шаҳри нав 29-уми июн, дар зодрӯзи президенти пешини ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов боз мешавад.

Кормандони муассисаҳои буҷетӣ зиёда аз як ҳафта мешавад, ки ба маросими ифтитоҳи шаҳр омодагӣ мебинанд. Сарфи назар аз таътили тобистона донишомӯзон низ дар маршировкаҳо иштирок доранд.

"5-6 соат дар зери офтоби сӯзон бардоштани байрақ ва лавҳаҳо барои одамон тоқатфарсо аст. Ҳолатҳои зиёде шудааст, ки занон, одамони калонсол ва кӯдакон дар ҷараёни маршировка беҳуш шудаанд," -- изҳор доштаааст яке аз иштирокдорон ба шарти фош нашудани номаш ба бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Шаҳри нав дар вилояти Ахали Туркманистон, ки маркази маъмурии он хоҳад буд, бо харҷи тақрибан 5 миллиард доллар бунёд шудааст.

Мақомоти Туркманистон онро ба хотири Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов “Арқадаг” ном гузоштанд. “Арқадаг” (Муҳофиз) унвони расмии Бердимуҳаммадови калонӣ аст.​