Низомиёни Украина рӯзи 20-уми июн гузориш доданд, ки Киев ва чанд шаҳри дигар шаби гузашта зери оташборони нерӯҳои Русия монданд.
Серҳий Попко, волии вилояти Киев, дар шабакаи иҷтимоии Телеграм навишт, ки низоми дифои зиддиҳавоӣ камаш 20 ҳавопаймои бесарнишини истеҳсоли Эронро аз байн бурд.
То кунун дар бораи талафоти ҷонӣ ва молӣ аз ин ҳамлаҳо нашр нашудааст.
Мақомдорони вилоятҳои Запорижйе ва Лвови Украина низ дар бораи ҳадафи оташи Русия қарор гирифтани сохторҳои мулкӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва манзили зисти мардум гузориш доданд.
Дар вилояти Суми аз оташи нерӯҳои Русия як фарди мулкӣ кушта шудааст. Ин иттилоъро мансабдорони Суми нашр карданд.