Додгоҳе дар шаҳри Бишкек, маркази Қирғизистон, муҳлати ҳабси гумонбарони "парвандаи Кампиробод"-ро то 15-уми августи имсол дароз кард.
Вакили дифои яке аз гумонбарон Бакитбек Автандил дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, қарори тамдиди ҳабси гумонбарони "парвандаи Кампиробод"-ро додраси ноҳияи Якуми майи Бишкек Марат Сиддиқов баровардааст.
Пештар гуфта шуд, ки маводи "парвандаи Кампиробод" ба додгоҳ фиристода шудааст ва интизор меравад, баррасии он 22-23-юми июн оғоз шавад. Тафтиши парванда 8 моҳ тӯл кашида, ба он муҳри махфӣ задаанд.
Рӯзи 22-юми октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд.
Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромаданд.
Рӯзи 23-юми октябр дар шаҳри Бишкек боздошти аъзои кумита шуруъ шуд. Дар умум 26 фаъолу сиёсатмадорро дастгир карданд.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) гуфт, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.