Узбекистон аз 1-уми октябри соли 2023 ба харидани 9 миллион метри мукааб дар як шабонарӯз гази Русия оғоз мекунад.
Вазорати энержии Узбекистон гуфтааст, ҳаҷми воридоти солонаи газ ҳудуди 2,8 миллиард метри мукаабро ташкил хоҳад дод.
Вазири энержии Узбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов ва раиси ширкати русии "Газпром" Алексей Миллер 16-уми октябри соли гузашта дар нишасти байнулмилалии иқтисодии Санкт-Петербург дар ин бора созишномаеро имзо кардаанд. Ҷузъиёти ин созишнома акнун расонаӣ шуд.
Дар Вазорати энержии Узбекистон гуфтанд, газ мувофиқи нархи бозори минтақа харидорӣ мешавад.
Вазири энержии Узбекистон пештар гуфта буд, ки шартҳои тиҷории интиқоли гази Русия танҳо баъд аз ҳалли масъалаҳои техниӣ баррасӣ карда мешавад.
Вай дар суҳбат бо нашрияи "Газете.uz" изҳор дошт, ки Узбекистон мехоҳад, газро аз Русия тариқи лӯлаи "Осиёи Марказӣ - Марказ" интиқол диҳад.