Ҳамлаи Русия ба вилояти Донбас, шарқи Украина, рӯзи 19-уми июн идома кард.
Ба қавли Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина, нерӯҳои Русия минтақаҳои Лиман, Бахмут, Авдеевка ва Мариинкаро оташборон мекунанд.
Сарбозони украинӣ талош доранд, нерӯҳои Русияро аз ҷануби кишварашон биронанд.
Президенти Украина Владимир Зеленский мегӯяд, поксозии сарзаминаш аз таҷовузкорон то пурра озод шудани кишвар давом хоҳад кард.
Мақомдорони Русия иддао мекунанд, ки Украина вилояти Белгороди Русияро ҳадафи оташ қарор додааст.
Волии Белгород Вячеслав Гладков дар Телеграм навиштааст, ки бар асари оташи Украина дар шаҳри Валюки ҳафт кас маҷруҳ шуд. Радиои Озодӣ наметавонад иддаои волии Белгородро тасдиқ кунад, зеро Русия сензураи шадиди ахборро раҳандозӣ намудааст.