Ду зани тоҷикро дар Абхозистон 15-солӣ ҳабс кардаанд

Додгоҳи олии Абхозистон

Додситонии кулли Абхозистон хабар дод, ки бо ҳукми Додгоҳи Сухуми, пойтахти ин ҷумҳурии эътирофношуда, ду зан аз Тоҷикистон 15-солӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, Нилуфар Бозороваи 22-сола ва Майдагул Раҳимоваи 45-сола ба фурӯши маводи мухаддар гунаҳкоранд.

Ҳукми додгоҳ рӯзи 9-уми июн баромад.

Сомонаи Додситонии кулли Абхозистон 16-уми июн навишт, занҳо ба нигоҳ доштани беш аз 11 грамм метадон гунаҳкор шудаанд, ки "миқдораш махсусан калон ҳисоб мешавад".

"Нилуфар Бозорова ба гуноҳ пурра иқрор шуда, ба иловаи 15 сол ҳабс дар зиндони низомаш умумӣ ба пардохти 600 ҳазор рубл ба фоидаи давлат маҳкум шудааст," -- навишт манбаъ.

Майдагул Раҳимова гуфтааст, гуноҳ надорад, аммо ба иловаи 15 сол зиндон ба пардохти 700 ҳазор рубл ҷарима низ вазифадор шудааст.

Маълум нест, маҳкумшудаҳо аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят мекунанд ё не.