"Дар Ишқобод маҳсулоти куҳнаро ба мардум мефурӯшанд"

Дар фурӯшгоҳҳои давлатии шаҳри Ишқободи Туркманистон нонҳоеро ба сокинон мефурӯшанд, ки пур аз нонхӯрак ҳастанд.

"Ин нонҳоро пеш аз хона даровардан бояд тоза кунем. Дар сурати ғайр, хонаҳо пур аз нонхӯрак мешаванд", - гуфтааст яке аз сокинони Ишқобод ба шарти фош нашудани номаш ба бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба нақли сокинон, баъзан дар рафҳои фурӯшгоҳҳои давлатӣ, ки нонҳо меистанд, муш низ дида мешавад.

"Ба як одам се нон мефурӯшанд. Сокинонеро, ки нонро ба нархи арзони давлатӣ мехаранд, маҷбур мекунанд, то як қуттӣ қаҳваи муҳлати истифодааш гузаштаро низ бигиранд", - афзудааст ҳамсуҳбати бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ба сокиноне, ки аз харидани маҳсулоти куҳна худдорӣ мекунанд, нон намефурӯшанд.