15 қирғизистонӣ дар Туркия қурбонии қочоқи инсон шудаанд

Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 15-уми июн гузориши солонаи худро дар бораи қочоқи инсон дар 188 кишвари ҷаҳон нашр кард.

Бештари ин гузориш ба тавсияҳо дар бораи пешгирӣ аз харидуфурӯши инсон ва мубориза бо он бахшида шудааст.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, дар соли 2022 аз 27 миллион қурбонӣ танҳо 115 300 нафар шиносоӣ шудааст.

Дар гузориш гуфта шуда, ки амалҳои Туркия ба "меъёрҳои аз байн бурдани қочоқи инсон комилан ҷавобгӯ нестанд", аммо Анқара дар ин самт талошҳои қобили мулоҳизаеро анҷом медиҳад.

Тибқи гузориш, одамоне, ки дар Туркия қурбонии қочоқи инсон мешаванд, асосан шаҳрвандони Осиёи Марказиву Ҷанубӣ, Аврупои Шарқӣ, Озарбойҷон ва Сурия ҳастанд.

"Бештари 345 қурбоние, ки дар Туркия ошкор шуданд, аз Сурия (108), Узбекистон (57), Афғонистон (33) ва Қирғизистон (15) мебошанд," -- зикр шудааст дар гузориш.