Пригожин: 32 000 маҳбуси пешин аз ҷанг ба Русия баргаштанд

Евгений Пригожин

Евгений Пригожин, мудири ширкати хусусии низомии “Вагнер”, гуфт, 32 ҳазор маҳбусе, ки аз сӯйи ширкати ӯ ҷалб шуда буданд, баъд аз иштирок дар ҷанги зидди Украина ба ҳудуди Русия дубора баргаштанд.

Пригожин дар ин бора дар канали худ дар Телеграм хабар додааст.

Вай тасдиқ кардааст, маҳбусоне, ки пас аз иштирок дар ҷанг озод шуданд, 83 ҷиноят кардаанд ва ин "нисбат ба ҷиноятҳое, ки маҳбусони бе қарордоди "Вагнер" озодшуда содир намудаанд, 80 бор камтар аст."

Дар айни замон ӯ ҳеч гуна далели тасдиқкунандае наовардааст.

Пештар президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, фармонҳо дар бораи афви маҳбусони пешинро, ки аз сӯи "Вагнер" ба ҷанг зидди Украина ҷалб шудаанд, имзо мекунад.

Евгений Пригожинро яке аз соҳибкорони наздик ба президенти Русия Владимир Путин меноманд. Зархаридони "Вагнер"-и он, ки дар миёнашон маҳбусон ҳам ҳастанд, дар ҷанги Украина ва амалиётҳо дар Африқо ва Сурия иштирок мекунанд.