Кӯлоб аз "Барқи Тоҷик" 400 миллион сомонӣ қарздор шудааст

New electricity substation in Tajikistan

Мақомоти расмӣ мегӯянд, қарзи аҳолӣ ва муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои Кулоб аз ширкати “Барқи Тоҷик” ба марзи 400 миллион сомонӣ ва бештар аз 35 миллион доллар наздик шудааст.

Баҳром Ҳикматзода, намояндаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба нашрияи “Cадои Мардумт” минбари порлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки айни замон пули напардохта барои истифодаи нерӯи барқ дар минтақаи Кӯлоб бештар аз 391 миллион сомониро ташкил медиҳад ва “аз ин 232 миллиону 415 ҳазор сомонӣ қарзи аҳолӣ мебошад.”

Баҳром Ҳикматзода ҳамчунин дар бораи қарзи муассисаҳои давлатӣ суҳбат карда ва гуфтааст, ки Идораи обу корези Кӯлоб дар як моҳ ба маблағи 280 — 300 ҳазор сомонӣ нерӯи барқ истифода мекунад, аммо аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ маблағ месупораду халос. Ба қавли ӯ, Муассисаи равшанидиҳии шаҳр дар чаҳор моҳи соли 2023 ягон сомонӣ пули барқро напардохтааст.

Қарзи аҳолӣ ва муассисаҳои давлатӣ аз ширкати “Барқи Тоҷик” ҳамеша як мавзуи доғ дар Тоҷикистон аст. Ширкати мазкур, ки азимтарин ширкати энергетикии кишвар аст, айни замон бештар аз 3 миллиард доллар қарздор аст. Мудирияти нодуруст дар ширкат, сӯистифода ва талафоти зиёди нерӯи барқро аз сабабҳои ҷамъ шудани қарзи зиёд меноманд.