Як мақомдори пешини пулисро дар Узбекистон ҷазо доданд

Сардори пешини ҷустуҷӯйи ҷиноии Раёсати корҳои дохилии вилояти Намангони Узбекистон Умед Рауфовро ба шиканҷаи як боздоштшуда гунаҳкор карданд.

Озодии ӯ ба муҳлати се сол маҳдуд шудааст.

Ҳукм рӯзи 8-уми майи имсол содир шуда, танҳо нав ба дасти расонаҳо расид.

Ба иттилои додгоҳ, дар моҳи октябри соли гузашта кормандони пулис шаҳрванд Ф.Ф.-ро ба гумони интиқоли доруҳои сахттаъсири "Тропикамид" ва "Регапен" боздошт кардаанд.

Умед Рауфов рӯзи 14-уми октябри соли 2022 дар боздоштгоҳ аз соати 03:31 то 03:57 нисбат ба боздоштшуда "шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмонаро истифода бурда, латукӯб кард ва фишори ҷисмониву равонӣ расонд", -- омадааст дар хабари додгоҳ.

Додгоҳ Умед Рауфовро гунаҳкор карда, озодиҳояшро то се сол маҳдуд намуд. Вай ҳамчунин аз кор кардан дар мақомоти пулис ба муддати се сол маҳрум аст.