Низомиёни украинӣ рӯзи 16-уми июн гуфтанд, ки давоми шабонарӯзи гузашта Русия ба минтақаҳои Миколаев ва Херсон бо даҳҳо мушаку дрон ҳамла кардааст.
Ба навиштаи низомиёни украинӣ, нерӯҳои дифои ҳавоии Украина тавонистаанд 20 дронро нобуд кунанд.
Инчунин, ба иттилои украиниҳо, бар асари мушакборони Русия, аз ҷумла сар додани панҷ мушаки болдор, чанд фарди мулкӣ кушта ва захмӣ шуданд.
Дар гузориш омадааст, бар асари мушакборон муассисаҳои саноатӣ дар шаҳри марказии Кривой Рог ва хонаҳои баландошёнаву идораҳои маъмурӣ дар вилояти Херсон осеб дидаанд.