Узбекистон аз Ҷумҳурии Чех ҳавопаймоҳои нав мехарад

Ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways рӯзи 15-уми июн бо ширкати чехии LET Aircraft Industries дар бораи харидани ҳавопаймоҳои хурди навъи LET L-410-E20 қарордод бастааст.

"Ҳавопаймоҳо барои афзоиш додани парвозҳои дохилӣ ва рушди сайёҳии дохилӣ харида мешавад," -- хабар додааст ширкати Uzbekistan Airways.

Узбекистон нақша дорад, дар доираи шартнома 4 ҳавопаймои хурд бихарад.

Ҳавопаймоҳои навъи LET L-410 гунҷоиши то 19 мусофир ва имкони парвози то 1500 километрро доранд.