Ёди Аҳмад Зоҳир дар аҳди Толибон ва бо манъи мусиқӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуруҳе аз ҳаводорони Аҳмад Зоҳир дар маҳфиле дар Душанбе ёди ӯро гиромӣ доштанд. Ҳунарманди маҳбуб, 44 сол пеш, рӯзи 14-уми июн, ба таври шубҳабарангез ҷон бохт. Бо гузашти чанд даҳсола аз марги ӯ, сурудаҳои Аҳмад Зоҳир ҳанӯз сершунаванда ҳастанд.