Рамазон Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии Чеченистони Русия гуфт, яке аз фармондеҳони баландрутбааш зиндаву саломат аст ва гузоришҳо дар бораи ҳалокати ӯ дар Украинаро рад кард.
Рамазон Қодиров рӯзи 14-уми июн дар саҳифааш дар Телеграм навишт, Одам Делимхонов “зинда аст ва ҳатто маҷрӯҳ ҳам нашудааст”. Ӯ яке аз хешовандони Рамазон Қодиров ва вакили Думаи давлатии Русия аст.
Рӯзе пештар аз ин гузориш расид, ки Одам Делимхоновро нерӯҳои махсуси воҳиди Бандерлогии Украина дар шаҳри Приморски вилояти Запорожйе куштаанд. Аммо чанд соат баъд Рамазон Қодиров бо нашри як баёния дар Телеграм гуфт, ки ӯ зиндаву саломат аст. Раиси Думаи давлатии Русия ҳам гуфт, ки бо Делимхонов суҳбат кардааст ва ӯ зинда ва сиҳат аст.