Ду шаҳрванди Узбекистонро аз асорати меҳнатӣ дар вилояти Алматои Қазоқистон озод кардаанд.
Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, онҳо бештар аз се сол дар асорат буданд.
"Мақомоти пулиси вилояти Алмато рӯзи 10-уми июн дар бораи дар асорати меҳнатӣ будани ду шаҳрванди Узбекистон хабар ёфтанд. Гумонбар, соли таваллудаш 1986, ду шаҳрванди Узбекистонро ба асорати меҳнатӣ гирифтааст", - омадааст дар хабари пулис.
Аз рӯйи ҳодиса бо моддаи "Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан" парвандаи ҷиноӣ боз ва гумонбар боздошт шудааст.