Нерӯҳои Украина гуфтанд, чанд деҳаро дар Донетск озод карданд

Нерӯҳои Украина мегӯянд, чанде аз рустоҳоро дар вилояти Донетск аз дасти сарбозони Русия озод карданд.

Як воҳиди низомии Украина ба номи Олекс Довбуш видеоеро дар Фейсбук нашр кард, ки нишон медиҳад, деҳаи Благодатное ба зери контроли сарбозони украинӣ гузаштааст.

Сухан дар бораи деҳае дар наздикии шаҳри Угледар меравад, ки дар атрофи он ҷанг идома дорад ва аз пешравии нерӯҳои Украина дар онҷо хабар мерасад.

Мақомоти украинӣ дар бораи забти деҳаи Нескучное ҳам хабар додаанд.

Радиои Озодӣ ин хабарҳоро мустақилона тасдиқ карда наметавонад, вале шабакаҳои русӣ дар Телеграм аз ақибнишинии сарбозони Русия аз деҳаҳои Благодатное ва Нескучное хабар додаанд.