Қурмонбек Боқиевро ғоибона 10 соли дигар зиндонӣ карданд

Қурмонбек Боқиев. Акс аз бойгонӣ

Президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро ба гуноҳи фасодкорӣ дар кони тилои Қумтор ғоибона 10 сол зиндонӣ карданд.

Дар ин бора аз додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон хабар доданд. Дар маҷмуъ, муҳлати зиндони Боқиев ба 30 сол расид.

Боқиев аз соли 2005 то 2010 президенти Қирғизистон буд. Вай дар пайи "Инқилоби лолаӣ" ба қудрат расид. Дар ҷараёни инқилоби рӯзҳои 7-15-уми апрели соли 2010 аз қудрат ронда шуд. Он замон 87 кас кушта шуд. Вай аз Қирғизистон фирор карда ва дар Беларус паноҳ бурд.

Мақомоти Қирғизистон истирдоди ӯро талаб доранд. Боқиев ва хонаводаашро дар Қирғизистон дар ташкили суиқасд ба ҷони тоҷири бритониёӣ Шон Дэйлӣ ва суистифода аз мақом муттаҳам мекунанд.