Мусодираи бесарнишинҳое, ки ба Русия мебурданд

Мақомоти Қазоқистон бастаи бесарнишинҳоеро мусодира карданд, ки ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Русия бурда мешуд.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллии Қазоқистон, бастаи иборат аз 14 бесарнишини навъи DJI AgrasT30, ки арзиши умумиашон қариб 16 миллион рубли Русияро ташкил медод, ҳангоми интиқол додан дар вилояти Ҷамбили Қазоқистон мусодира шуд.

Бесарнишинҳоро ширкати қирғизистонии "Импулс-Инвест" мехост, тавассути Қазоқистон ба Русия расонад. Расман ин бесарнишинҳо барои ширкати сохтмонии "Нова" интиқол дода мешуданд.

"Импулс-Инвест" наздик ба 14 ҳазор рубли Русия ҷарима шудааст. Мақомоти Қазоқистон бесарнишинҳоро мусодира кардаанд.

Ба иттилои Бюрои миллии омори Қазоқистон, дар соли 2022 ин кишвар ба арзиши 5 миллион доллар бесарнишин ворид карда, бо арзиши 1,23 миллион доллар ба Русия бесарнишин фиристодааст.

Нашрияи "Важние истории" дар охири моҳи майи имсол навишт, ки Қазоқистон барои Русия бесарнишин ва чип мехарад.

Ширкатҳои қазоқистонӣ байни Чину Русия миёнарав ҳастанд ва маҳсулотеро мехаранд, ки ба далели таҳримҳо Русия наметавонад онро мустақим бихарад.