27 нафар дар Покистон қурбонии офати табиӣ шудаанд

Хайбар Пахтунхва

Борону шамоли сахт дар шимоли шарқи Покистон сабаби марги 27 нафар, аз ҷумла ҳашт кӯдак, шудааст.

Тӯфон шоми 10-уми июн дар чаҳор ноҳияи вилояти Хайбар Пахтунхва сар зад.

Темур Алӣ Хон, сухангӯйи Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хайбар-Пахтунхва, рӯзи 11-уми июн ба "Франс Пресс" гуфт, "камаш 12 нафар ҳангоми чаппа шудани бому девори хона ҷон бохтанд."

Дар ноҳияи Банну 15 нафар, аз ҷумла панҷ узви як оила, мурдаанд.

"Зиёда аз 140 кас маҷруҳ шуда, беш аз 200 cap чорво талаф ёфт," -- афзудааст Темур Алӣ Хон.