Даргириҳои шадид дар шарқи Украина идома дорад

Артиши Украина рӯзи 11-уми июн хабар дод, ки ҷанги сахт дар шарқи ин кишвар ҷараён дорад.

Нерӯҳои Русия кӯшиш доранд, минтақаҳои қисман ишғолшудаи Луҳанск ва Донетскро пурра зери назорат гиранд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 11-уми июн гуфт, "муборизаи шадид идома дорад. Душман барои тасарруфи пурраи Луҳанск ва Донетск тамаркуз кардааст".

Дар ҳамин ҳол, артиши Украина барои бозпас гирифтани қаламравҳои Украина, ки аз тарафи Русия ишғол шудаанд, ҳамлаи ҷавобиро ба роҳ монд.

Президент Владимир Зеленский рӯзи 10-уми июн эътироф кард, ки ҳамлаи ҷавобии деринтизор оғоз шуда, аммо нагуфт, ки дар кадом марҳила аст.

Ҳамлаи ҷавобӣ бо рахна шудани сарбанди нерӯгоҳи Каховка дар рӯдхонаи Днепр мушкил шуд. Ҳодиса рӯзи 6-уми июн дар минтақаи зери назари Русия рӯй дод. Зеленский дар ин кор Маскавро муттаҳам кард. Русия иттиҳом напазируфт.

Як намояндаи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 10-уми июн аз оқибатҳои фоҷеабори рахна шудани сарбанд ҳушдор дод.