Сарвазири Канада рӯзи 10-уми июн ҳангоми сафари эълоннашуда ба Киев тахриби сарбанди Каховкаро дар ҷануби Украина, ки зери назорати нерӯҳои Русия буд, маҳкум кард.
Ҷастин Трюдо ҳамзамон ба Украина ваъдаи ёрии бештари низомӣ дод.
Вай гуфт, бастаи нави кумакҳо аз 375 миллион доллари амрикоӣ (500 миллион доллари Канада) иборат хоҳад буд.
Трюдо афзуд, Канада дар омӯзиш додани халабонҳои украинӣ барои истифода аз ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 низ саҳм хоҳад гирифт.
“Канада ба артиши Украина 287 мушаки изофии зиддиҳавоӣ хоҳад дод,” – гуфт нахуствазири Канада.
“Мардуми Украина мутмаин бошанд, ки то замоне ки лозим аст, Канада ба пуштибонии сиёсӣ, молӣ, башардӯстона ва низомии худ идома хоҳад дод”, -- илова кард Ҷастин Трюдо.