Теодор Качинский, машҳур ба лақаби "Унабомбер", дар 81-солагӣ дар зиндони аёлати Каролинаи Шимолӣ даргузашт.
Вай аз охири солҳои 1970 то соли 1995 тавассути почта ба одамон таҷҳизоти таркандаи худсохт фиристода, ин маъракаро эътироз ба зидди ҷомеаи муосири саноатӣ медонист.
Бар асари таркиши бомбаҳои фиристодаи ӯ се нафар ҷон бохта, 23 кас захмӣ шудаанд. Дар миёни захмиён президенти ширкати United Airlines низ ҳаст.
Ҷустуҷӯйи террористи танҳо ва номаълум тақрибан ду даҳсола идома кард. Матбуоти Амрико онро амалиёти дарозтарин ва гаронарзиштарин дар таърихи Иёлоти Муттаҳида меноманд.
Качинский дар кӯдакӣ бо истеъдоди фавқулодааш дар илми риёзӣ аз дигарон фарқ мекард.
Дар 16-солагӣ ба Донишгоҳи Ҳарвард қабул шуд ва дар Донишгоҳи Мичиган унвони докторӣ гирифт, аммо зиндагиро дар ҷангали бидуни барқ ва шароити мусоид дар Монтана афзал донист.
Вай соли 1978 ба фиристодани бомбаҳо сар кард. Маъмулан онро ба шахсони тасодуфӣ мефиристод, аммо афроде, ки ё бо донишгоҳҳо ва ё бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ иртибот доштанд. Бинобар ин, ба ӯ лақаби "Унабомбер" доданд.
Вакилони мудофеи "Унабомбер" дар мурофиаҳои додгоҳӣ кӯшиш кардаанд, ӯро девона бароранд, вале худаш исрор намуда, ки аз рӯи ақл рафтор карда. Дар ниҳоят, Теодор Качинский ба ҳашт ҳабси абад маҳкум шуда буд.