Мануэл Микаллер, cафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, ки ба зарурати озодии баён ва фаъолияти расонаҳои мустақил бовар дорад ва ин мавзуъҳоро ҳамвора дар ҳама мулоқотҳои сатҳи баланд бо мақомоти Тоҷикистон дар миён мегузорад.
Ӯ рӯзи 8-уми июн зимни боздид аз дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, ки Сафорати Амрико рӯзноманигорон, блогнависон ва расонаҳои мустақилро дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад. Микаллер гуфт, ки cафорат ба ин масоил аҳамияти калон медиҳад ва онҳоро ҳамеша мадди назари худ дорад.
Ҷаноби Микаллер ҳамчунин гуфт, ки аз мушкили хабарнигорони Радиои Озодӣ дар дарёфти иҷозатномаи кор хабар дорад ва рӯзҳои аввали таъйин шуданаш ба унвони Сафири Амрико дар Тоҷикистон, роҷеъ ба ин масоил бо президенти Радиои Аврупои Озодӣ Радиои Озодӣ Ҷейми Флай суҳбат карда буд. Ӯ дар бораи фаъолияти Радиои Озодӣ гуфт, "Кори Шумо барои Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон хеле муҳим аст".
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аз чанд сол ба ин тараф танҳо барои cемоҳӣ иҷозатномаи фаъолият дарёфт мекунанд, ҳоло онки бар тибқи муқаррароти вазорати корҳои хориҷӣ ба хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ба муддати 1 сол иҷозатномаи фаъолият дода мешавад. Ҳамчунин ба ҷуз чанд ҳолати ангуштшумор, аз чанд сол ба ин тараф ба хабарнигороне, ки Радиои Озодӣ мехоҳад ба кор бигирад, иҷозаи фаъолият дода намешавад.