Додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи 7-уми июн ҳукми шаҳрванди Қирғизистон Аскар Кубаничбек-уулуро, ки барои иштирок дар ҷанги Украина даҳ сол зиндонӣ шудааст, бетағйир гузошт.
Ҷониби айбдоршаванда аз додрас хост, банди "Зархаридӣ"-ро ба "Иштироки шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти низомӣ дар қаламрави давлати хориҷӣ" иваз кунад.
Ӯ ҳамчунин гуфт, дар ҳайати нерӯҳои ҷудоихоҳон дар Луҳанск хидмат мекард ва танҳо дар тақсими ёриҳои башардӯстона иштирок кардааст.
Ба гуфтаи Аскар Кубаничбек-уулу, вай танҳо барои дарёфти шаҳрвандии Русия ба ҷанги зидди Украина рафта буд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек рӯзи 16-уми майи имсол Аскар Кубаничбек-уулуро барои иштирок дар ҷанги зидди Украина 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Тибқи маводи парванда, Кубаничбек-уулу моҳи июни соли 2022 ба ҷанги зидди Украина рафтааст. Ӯ моҳи ноябри соли гузашта аз сафи нерӯҳо ихроҷ ва баъди баргашт ба Бишкек дастгир шуд.