Додгоҳи Гаага баррасии шикояти Украинаро зидди Русия оғоз кард

Додгоҳи байнулмилалӣ

Додгоҳи байнулмилалӣ дар Гаага рӯзи 6-уми июн баррасии шикояти Украинаро зидди Русия оғоз кард.

Ин шикоят дар робита ба нақзи эҳтимолии ду конвенсияи байнулмилалӣ аз ҷониби Русия - дар бораи мубориза бо маблағгузории терроризм ва аз байн бурдани ҳама гуна табъизи нажодӣ сурат гирифтааст.

Баррасии шикоят рӯзҳои 8, 12 ва 14--уми июн идома ёфта, сипас додгоҳ дар давоми чанд моҳи оянда ҳукми худро эълон хоҳад кард.

Фиристодаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Украина Антон Кориневич оғози мурофиаро дар додгоҳи Гаага "авҷи кори шашсола номид".

Вай гуфт, ин парвандаи нахустини Украина алайҳи Русия аст, ки ба марҳалаи баррасӣ дар Додгоҳи байнулмилалӣ мерасад.

Ҷиноятҳое, ки Русия ба онҳо муттаҳам аст, дар солҳои 2014-2015 содир шудаанд. Ба гуфтаи ҳайати Украина дар Гаага, онҳо ҳамчунин василаҳои дигареро барои ба ҷавобгарӣ кашидани Русия доранд.

Иҷрои қарори Додгоҳи байнулмилалии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳар ду ҷониб ҳатмӣ аст.