Таркиш дар Бадахшони Афғонистон. Муовини волӣ кушта шуд

Вилояти Бадахшони Афғонистон

Дар натиҷаи таркиши мошин дар Бадахшони Афғонистон муовини волии вилоят ҳамроҳи ронандааш кушта шудааст. Ҳодиса рӯзи 6-уми июн рӯй дод.

Сухангӯйи ҳукумати вилояти Бадахшони Афғонистон Маҳзуддин Аҳмадӣ гуфт, “Нисор Аҳмад Аҳмадӣ ва ронандааш кушта шуд”.

Ӯ афзуд, “дар ин ҳодиса шаш фарди мулкӣ низ ҷароҳат бардошт”.

Масъулияти ин ҳодисаро гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба уҳда гирифтааст. Шохаи "Хуросон"-и ДОИШ дар Афғонистон фаъол аст.

Ин аввалин таркиш дар шимоли Афғонистон дар давоми чанд ҳафтаи гузашта аст.

Маъмурияти Толибон зидди пайравони ҷунбиши даҳшатафкани “Давлати исломӣ”, ки масъулияти чандин таркишро дар гӯшаҳои мухталифи Афғонистон, аз ҷумла шаҳри Кобул бар ӯҳда гирифтаанд, амалиёт раҳандозӣ кардааст.