Пайомадҳои тахриби сарбанд дар Украина

Волии вилояти Херсони Украина гуфт, пас аз тахриби сарбанди нерӯгоҳи “Новая Каховка” болоравии сатҳи об дар минтақаҳои поёноби рӯди Днепр идома дорад.

Ба гуфти Александр Прокудин, дар 20 соати оянда сатҳи об боз як метри дигар боло хоҳад рафт.

Волии Херсон афзуд, 1450 нафар аз соҳили рости рӯди Днепр ба ҷойҳои амн кӯчонида шуд. Дар ин минтақа 1850 манзили зист зери об мондааст.

Пезиденти Украина Владимир Зеленский тахриби сарбанди "Новая Каховка"-ро "бомбаи муҳитзистии куштори дастҷамъӣ" номид.

Мансабдорони Украина ва Созмони Милал ҳушдор додаанд, ки тахриби сарбанди воқеъ дар ҷануби Украина метавонад, сабабгори фоҷеаи муҳити зист гардад.

Сарбанде, ки дар замони Шӯравӣ сохта шуда буд, субҳи 6-уми июн дар пайи як таркиш вайрон шуд.

Даҳҳо ҳазор нафар ба тарки манзили зист маҷбур шуданд.

Зеленский мегӯяд, Русия ҳадафмандона сарбандро тахриб кард, вале ин амал азми Украинаро барои озод намудани минтақаҳои ишғолшуда аз байн нахоҳад бурд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Антонио Гутерреш, тахриби сарбандро фоҷеаи зербиноии инсонӣ, иқтисодӣ ва муҳити зист номид.