Шаҳрванди Русия Алексей Рожков, ки ба оташ задани комиссариати ҳарбӣ дар наздикии шаҳри Екатеринбург муттаҳам аст, аз Қирғизистон ба ватанаш фиристода шудааст.
Тарҳи ҳомии ҳуқуқи "Зона солидарности" иттилоъ дод, ки Рожков дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳ қарор дорад ва додгоҳи Березовский баррасии парвандаашро аз сар гирифта.
"Зона солидарности" навишт, Рожков яке аз нахустин фаъолони Русия буд, ки моҳи марти соли 2022 дар эътироз ба ҷанги Украина бинои як комиссариати ҳарбиро оташ зад.
Рожковро он замон дастгир карданд, вале дертар ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шуд. Вай баъди он ки Ситоди кулли Русия гуфт, оташ задани бинои комиссариати ҳарбӣ амали террористӣ эътироф хоҳад шуд, дар моҳи декабри соли 2022 ба Қирғизистон фирор кард.
Дар Русия соли 2022 кӯшиши оташ задани бинои комиссариатҳои ҳарбӣ дар эътироз ба ҷанги Украина 77 бор сурат гирифтааст.
Ин ҳолатҳо дар аввал "авбошӣ" ва "расонидани зарар ба амволи ғайр" дониста мешуданд, вале баъдан амали террористӣ арзёбӣ гаштанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ингуна иқдомҳои зиддиҷангӣ набояд ба терроризм рабт дода шаванд.