"Ҳуҷҷатҳо нобуд шуд." Сӯхтор дар 4 вагони муҳоҷирон дар Сергиев Посад. ВИДЕО

Сӯхтор дар ҷойи зисти муҳоҷирони тоҷик дар Маскав

Ҷойи зисти гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав оташ гирифтааст.

Ҳодиса субҳи 5-уми июн дар шаҳраки Сергиев Посади пойтахти Русия рух дод.

Яке аз муҳоҷирон бо фиристодани видео ба Радиои Озодӣ гуфт, дар умум чаҳор вагоне, ки хобгоҳи онҳо буд, пурра сӯхт.

Ба гуфтаи муаллифи навор, муҳоҷирон тавонистанд наҷот ёбанд, аммо санад ва либосу ашёи дигари рӯзгорашон нобуд шуд.

“Сари вақт ба Хадамоти оташнишонӣ хабар додем, аммо касе ба ёрӣ наомад,” – гуфт ҳамсуҳбати мо. Ӯ бо нигаронӣ аз эҳтимоли пеш омадани мушкил нахост, ки номашро нависем.

Дар навор дида мешавад, ки муҳоҷирон талош доранд, ба танҳоӣ оташро хомӯш кунанд.

Назари мақомоти Русия ба ҳодиса маълум нест.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сӯхтор дар 4 вагони муҳоҷирон дар Сергиев Посад

Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҷойҳое зиндагӣ доранд, ки бехатар ва амн нест.

Соли гузашта, дар як сӯхтор дар ноҳияи Белоярскии Русия марди муҳоҷир ва ҳамсару чор фарзандаш осеб диданд.

Мақомоти Русия дар аксар ҳолат худи муҳоҷиронро ба сар задани сӯхтор гунаҳкор мекунанд, вале муҳоҷирон мегӯянд, мақомот ва корфармоёни рус барояшон шароити дурусти кору зиндагиро фароҳам намеоранд.