Толибони Покистон масъулияти як ҳамларо дар ҷанубуғарби ин кишвар ба уҳда гирифтанд.
Дар натиҷаи он ду сарбоз ва ду ҷангҷӯ кушта шуданд.
Артиш бо нашри изҳороте гуфт, ҷангҷӯён шоми 3-юми июн ба самти як посгоҳи амниятӣ, воқеъ дар маҳаллаи Ҷони Хели ноҳияи Боннуи вилояти Хайбар Пахтунхва, оташ кушоданд.
Ҳодиса боиси шурӯи як даргирӣ шудааст.
Амалиёти таъқиби ҷангҷӯён идома дорад.