Зеленский гуфт, НАТО тасмимашро бигирад

Владимир Зеленский

Раиси ҷумҳурии Украина аз паймони НАТО хост, дар бораи сарнавишти кишвараш дар ин созмон тасмимашро мушаххас кунад.

Владимир Зеленский рӯзи 1-уми июн дар ин бора ҳангоми мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Шӯрои Сиёсии Ҷамоаи Аврупоӣ дар Молдова сухан гуфт.

Вай афзуд, кишвараш ба узвият дар НАТО омодааст ва паймон моҳи оянда дар мулоқоти Вилнюс бояд дар бораи узвияти Украина қарорашро эълон кунад.

Рӯзи 1-уми июн бар асари оташборони шаҳри Киев се нафар, аз ҷумла як тифл ба ҳалокат расид.

Мири Киев Виталий Кличко маҷбур шуд, тамоми чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдаконро бекор кунад.